Ҷои №1 барои рекламаи шумо!

Барои робита: oftob.com@gmail.com

Масъалаи 3.1. 1) Калонтарин адади панҷрақамае нависед, ки ҳамаи рақамҳояш гуногун бошанд.
2) Калонтарин адади даҳрақамае нависед, ки ҳамаи рақамҳояш гуногун бошанд.

Масъалаи 3.2. Дар навишти \(7 \cdot 9 + 12 : 3 - 2\) қавсҳоро тавре гузоред, ки қимати ин ифода: а) ба 23 баробар бошад; б) ба 75 баробар бошад.

Масъалаи 3.3. Дар навишти 1*2*3*4*5 ситорачаҳоро бо аломати амал (ҷамъ, тарҳ, зарб ё тақсим) иваз кунед ва қавсҳоро тавре гузоред, ки ифодаи қиматаш ба 100 баробар ҳосил шавад.

Масъалаи 3.4. Дар навишти 8 8 8 8 8 8 8 8 дар байни баъзе рақамҳо аломати ҷамъро тавре гузоред, ки ифодаи қиматаш ба 1000 баробар ҳосил шавад.

Масъалаи 3.5. Дар навишти 1 2 3 4 5 6 7 8 9 дар байни баъзе рақамҳо аломати "минус" ё "плюс"-ро тавре гузоред, ки ифодаи қиматаш ба 100 баробар ҳосил шавад.

Масъалаи 3.6. Кассир пулҳои 5-сомона ва 10-сомона дорад. Ӯ 20 сомонӣ бақияро бо чанд тарз баргардонда метавонад? Ӯ 50 сомонӣ бақияро бо чанд тарз баргардонда метавонад?

Масъалаи 3.7. Дар се синфи мактаб 60 нафар талаба мехонад. Исбот кунед, ки ақаллан ду нафари онҳо рӯзи таваллуди худро дар ҳамон як ҳафта қайд мекунанд.

Масъалаи 3.8. 45 харгӯшро ба 9 катак чӣ тавр ҷойгир кардан мумкин аст, ки миқдори харгӯшҳои ҳамаи катакҳо гуногун бошад?

Масъалаи 3.9. Ба як зарф 3 литр ва ба зарфи дигар 5 литр меғунҷад. Бо ёрии ин зарфҳо аз водопровод ба зарфи дигар 4 литр обро чӣ тавр рехтан мумкин аст?

Масъалаи 3.10. 1) Адади 20-ро бо чанд тарз дар шакли суммаи ду адади тоқ навиштан мумкин аст? Навиштаҳои аз якдигар фақат бо тартиби ҷамъшавандаҳо фарқ мекардагиро як хел ҳисоб кунед.
2) Адади 50-ро бо чанд тарз дар шакли суммаи ду адади ҷуфт навиштан мумкин аст? Навиштаҳои аз якдигар фақат бо тартиби ҷамъшавандаҳо фарқ мекардагиро як хел ҳисоб кунед.