Синну соли набераи боборо муайян кунед
- Маълумот
- Нашр кард: Муҳаммадҷон Ҳакимов
- Бахш: Масъалаҳои шавқовари математикӣ
- Миқдори намоиш: 7122
Ба саволи "Бобоҷон набераи шумо чанд сола аст?", бобо чунин ҷавоб дод: "Набераи ман чанд моҳае, ки бошад, ман ҳам ҳамон қадар сол дорам ва ҳар ду дар якҷоя 78 сол дорем. Набераи ман чанд сола аст?".
Ҳал. Аз шарти масъала маълум аст, ки синни бобо аз набера 12 маротиба зиёд аст. Агар синни набера \(x\) бошад, синни бобо \(12x\) мешавад.
Пас, \(x+12x=78\).
\(13x=78\)
\(x=78:13\)
\(x=6\) мешавад.
Ҷавоб. Ҳамин тавр, набераи бобо 6 сола ва бобо \(78-6=72\) сола аст.