Ҷои №1 барои рекламаи шумо!

Барои робита: oftob.com@gmail.com

Намуди умумии муодилаи квадрати чунин аст: \[ax^2+bx+c=0,\] ки дар ин ҷо мо аввал дискриминанти муодиларо ҳисоб мекунем ва баъдан решаҳои онро меёбем:

\(D=b^2-4\cdot a \cdot c\) -- дискриминанти муодила.

Агар дискриминанти муодила \(D>0\) бошад, он гоҳ муодила 2-то решаи ҳақиқӣ дорад.

\[x_1=\frac{-b+\sqrt{D}}{2\cdot a}\]

\[x_2=\frac{-b-\sqrt{D}}{2\cdot a}\]

\(x_1\) ва \(x_2\)-- решаҳои муодила дар ҳолати \(D>0\) будан.

Агар дискриминанти муодила \(D<0\) бошад, он гоҳ муодила решаи ҳақиқӣ надорад.

Агар дискриминанти муодила \(D=0\) бошад, он гоҳ муодила 1-то решаи ҳақиқӣ дорад.

\[x_1=\frac{-b+\sqrt{D}}{2\cdot a}\]

Муодилаи зеринро ҳал мекунем:

\[x^2-8x+12=0 ,\] ки дар инҷо

\[ a=1; b=-8; c=12 \]

\[ D=b^2-4\cdot a\cdot c=(-8)^2-4\cdot1\cdot12=64-48=16 > 0 \]

\[x_1=\frac{-b+\sqrt{D}}{2\cdot a}=\frac{-(-8)+\sqrt{16}}{2\cdot1}=\frac{8+4}{2}=\frac{12}{2}=6;\]

\[x_2=\frac{-b-\sqrt{D}}{2\cdot a}=\frac{-(-8)-\sqrt{16}}{2\cdot1}=\frac{8-4}{2}=\frac{4}{2}=2.\]

Ҷавоб: \( x_1=6 \) ва \( x_2=2 \)